- мактаб
- [مکتب]а1. муассисаи маориф, ки дар он омӯзгор насли наврасро таълим медиҳад ва тарбия мекунад2. биное, ки ин муассиса дар он ҷойгир шудааст, таълимгоҳ, дабистон ва дабиристон: мактаби ибтидоӣ, мактаби миёна, мактаби олӣ, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ; мактабро тамом кардан, ба мактаб рафтан, дар мактаб хондан; ба тариқи истиора: мактаби зиндагӣ (ё ҳаёт), мактаби ишқ, мактаби мубориза, мактаби шуҷоат, мактаби гетӣ; мактаби интернат мактабе, ки баробари таълиму тарбия хонандагонро бо хобгоҳ ва хӯроку либос низ таъмин мекунад, мактаби шабонарӯзӣ3. ҷараён ва равия дар илм, адабиёт, санъат ва дар афкори ҷамъиятию сиёсӣ, ки бо ягонагии нуқтаи назарҳои асосӣ ва умумияту идомати худ ба ҳам алоқаманд аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.